Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Булғористон интихобот идома дорад


Дар Булғористон, ки мардум аз қимати баланди нерӯи барқу газ, камбизоатӣ ва фақру фасод ба хашм омадаанд, интихоботи порлумонӣ идома дорад. Бойко Борисов, нахуствазири Булғористон, моҳи феврал баъди тазоҳуроти густурдаи мардумӣ аз мақомаш истеъфо дод ва интихоботи зудрас эълон кард. Бино ба назархоҳиҳо, ҳизби ҳокими рости чапгарои Булғористон ва Ҳизби Сотсиалист дар фосилаи каме миёни ҳам қарор доранд. Корзори тарғиботӣ бо моҷароҳо олуда шуд, аз ҷумла гуфтаанд, ки вазири собиқи умури дохилӣ амр додааст, ки сӯҳбатҳои сиёсатмадоронро гӯш кунанд. Дар остонаи интихобот, додситонҳои Булғористон аз нашриёте 350 ҳазор баргаи ғайриқонунии раъй пайдо кардаанд. Аҳзоби мухолиф гуфтаанд, ки мумкин аст, ҳукумат дар ин корҳо даст дошта бошад.
XS
SM
MD
LG