Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия гуфт, дар бомбгузории Туркия даст надорад


Ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мегӯяд, ки дар бомбгузории хунин дар шаҳри Райҳонлии Туркия даст надорад. Умрон ал-Зуҳбӣ, вазири иттилооти Сурия рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш “чунин коре накардааст ва ҳеҷ гоҳ чунин корро нахоҳад кард.” Рӯзи шанбе бар асари инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Райҳонлӣ воқеъ дар марзи Сурия бештар аз 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Сурия, имрӯз гуфт, ба эътиқоди ӯ, бомбгузорӣ кори дасти нерӯҳои вафодор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст. Туркия аз ҳомиёни аслии шӯришиёнест, ки алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия меҷанганд.
XS
SM
MD
LG