Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби Навоз Шариф дар интихоботи Покистон


Ҳукумати ояндаи Покистонро зоҳиран сиёсатмадори собиқадор Навоз Шариф ташкил хоҳад кард. Чунин аст як натиҷаи интихоботи саросарии 11 май, ки дар он вуҷуди хушунатҳои Толибон ҳудуди 60 фоиз аз 86 миллион нафари соҳиби ҳаққи райъ дар Покистон раъй додаанд. Дар интихоботи соли 2008 мизони ширкати мардум 44 дарсад буд. Бино ба хабарҳо, дар силсилаи ҳамлаҳо тақрибан 20 нафар кушта шуданд.
Натоиҷи муқаддамотӣ мегӯянд, ки ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф аз касби аксарияти курсиҳои Маҷлиси миллӣ фақат андаке кӯтоҳ омадааст ва барои ташкили кобина бояд бо гурӯҳҳои дигари сиёсӣ эътилоф биҷӯяд. Агар Навоз Шариф ба ташкили чунин эътилоф муваффақ шавад, барои бори севум ба курсии сарвазирӣ хоҳад нишаст.
Натоиҷи ғайрирасмии шумориши оро ҳокист, ки ҷунбиши Таҳрики инсофи ситораи собиқи варзиши крикет Имронхон низ ҳимояти қавиеро ба даст оварда, ҳизби мардумӣ ва ҳизби миллии Авомӣ- ташаккулҳои асосии эътилофи қаблии ҳоким – ба маҳзи норизоияти мардум аз тарзи идораи давлат дар 5 соли гузашта зоҳиран шикасти бузург хӯрдаанд.
XS
SM
MD
LG