Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия аксуламал ба бобмгузориҳоро баррасӣ мекунад


Туркия масъалаи вокуниш ба ду бомбгузорӣ дар як шаҳри марзиашро баррасӣ мекунад, ки бар асари он 43 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Басир Аталай, муовини нахуствазири Туркия, гуфт, мумкин аст, гурӯҳҳои вобаста ба режими Сурия ва хадамоти истихборотии ин кишвар ҳамлаҳои мазкурро анҷом дода бошанд. То кунун касе масъулити инфиҷори ду мошини бомбгузоришуда дар шаҳри Райҳонлӣ дар вилояти Ҳатайро бар ӯҳда нагирифтааст, ки рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст. Дар ин вилояти теъдоди зиёди паноҳандагон аз Сурия зиндагӣ мекунанд. Туркия аз ҳомиёни аслии шӯришиёнест, ки алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, меҷанганд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Ҷон Керри, вазири умури хориҷаи Амрико бомбгузориҳо дар Туркияро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG