Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи порлумонии Покистон ба поён расид


Дар Покистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд ва ба гуфтаи мақомот бо вуҷуди таҳдиду ҳамлаҳои хунини ситезаҷӯён, дар ин корзори сиёсӣ теъдоди зиёди раъйдиҳандагон ширкат карданд. Иштиёқ Аҳмад, узви Кумиссиёни интихоботии Покистон рӯзи шанбе гуфт, ки барои ширкати комили раъйдиҳандагон, мӯҳлати раъйдиҳиро як соат дароз карданд: “Бо мадади Худои таоло ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ, Кумиссиёни Марказии Интихоботи Покистон тавонист, дар кори аслии худ, яъне баргузории интихоботи озоду мунсифона комёб шавад." Толибони Покистон, интихоботро ғайриисломӣ хонда ва таҳдид карда буданд, бо ҳамла ба қитъаҳои интихоботӣ, раъйдиҳиро ба ҳам мезананд. Дар ҳамин рӯз бар асари ҳамла ба қароргоҳҳои Ҳизби Авоми Миллӣ, ҳизби дунявигарои Покистон 10 нафар кушта шуданд. Дар Балуҷистон миёни тарафдорони ду номзад ба мақоми вакилӣ муноқишаи мусаллаҳона бархоста ва дасти кам 5 нафар кушта шудаанд. Дар Вазиристони Шимолӣ дар як вилояти қабоилнишини Покистон ва такягоҳи Толибон ба занон ҳушдор додаанд, ки дар интихобот ширкат накунанд.
XS
SM
MD
LG