Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Ҷалилӣ номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон


Саид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, худро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳури ин кишвар дар интихоботи ояндаи моҳи июн сабти ном кардааст. Саид Ҷалилӣ аз соли 2007 то кунун дабири Шӯрои Амнияти Миллии Эрон аст ва ӯро аз сиёсатмадорони муҳофизакор ва наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон медонанд. Имрӯз мӯҳлати сабти номи номзадҳои интихобот ба поён расид ва қарор аст, то 10 рӯзи дигар феҳрасти ниҳоии номзадҳо аз тарафи Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди муҳофизакори тобеъи Оятулло Хоманаӣ тасвиб шавад. То кунун 360 нафар барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 14 июн сабти ном кардаанд. Муҳаммад Ризо Ориф, сиёсатмадори ислоҳталаб ва муовини собиқи раиси ҷумҳури Эрон, Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил, раиси собиқи порлумон ва мутаҳидди Хоманаӣ, Муҳаммад Боқир Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон ва Довуд Аҳмадинажод, бародари Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълии Эрон аз довталабони дигари шинохта ҳастанд, ки сабти ном шудаанд.
XS
SM
MD
LG