Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузътиёти бомбгузориҳои хунин дар Туркия


Муаммар Гулер, вазири умури дохилии Туркия гуфт, бар асари бомбгузорӣ дар як шаҳри марзии ин кишвар 18 нафар кушта ва 22 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории Анатолии Туркия аз қавли Муаммар Гулер навиштааст, ки, як таркиш дар назди идораи ҳукумат ва дигарӣ дар назди идораи почтаи шаҳри Райҳонлӣ воқеъ дар наздикии марзи Сурия ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳеҷ касе масъулияти бомбгузорӣ дар ин шаҳрро бар ӯҳда нагирифтааст. Туркия аз ҳомиёни аслии мухолифони давлати Сурия аст ва размандагони онҳо, хоки Туркияро ба ҳайси пойгоҳ ва барои ҳамоҳангсозии фаъолиятҳояшон истифода мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG