Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи такрории Муборак ба таъхир афтод


Муҳокимаи такрории Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср, ки ӯро ба даст доштан дар қатли тазоҳургарон дар соли 2011 муттаҳам мекунанд, то рӯзи 6 июн ба таъхир гузошта шуд. Ба навиштаи матбуоти давлатии Миср, рӯзи шанбе ҳудуди 3 ҳазор маъмурони амниятӣ барои таъмини амнияти додгоҳ, ки Академияи Пулиси Миср дар як канори шаҳри Қоҳира сафарбар шудаанд. Ҳуснӣ Муборак ва вазири собиқи умури дохила дар аҳди ӯро моҳи июн ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Аммо баъди шикояти онҳо, додгоҳи болоӣ амр дод, ки муҳокима аз нав сурат бигирад. Ҳуснӣ Муборак баъди шурӯъи қиёмҳои мардумии 18 рӯза дар моҳи феврали соли 2011 аз мақомаш истеъфо дод. Дар он ошӯбҳо бештар аз 840 нафар кушта шуданд. Мубораки 85-сола дар шифохонаи зиндони Тора дар ҷануби шаҳри Қоҳира нигаҳ дошта мешавад. Ало ва Ҷамол, писарони ӯро ҳам барои фасодкорӣ муҳокима мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG