Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила дар Эрон садҳо хонаро вайрон кард


Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон мегӯяд, заминларзаи қавие дар бомдоди рӯзи шанбе дар ҷануби ин кишвар садҳо хонаро хароб ва чандин нафарро захмӣ кард. Маркази Ҷуғрофиёшиносии Амрико гуфт, заминларзаи 6,2 дараҷаӣ, соати шашу сивуҳашт дақиқаи маҳаллӣ дар вилояти Ҳурмузгон ба вуқӯъ пайвастааст. Созмони Ҳилоли Аҳмари Эрон ба расонаҳои давлатӣ гуфт, 400 хона дар 5 русто садамаи зиёд дида ва 16 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд. Моҳи гузашта зилзилаи тақрибан 8 дараҷаӣ дар ҷанубушарқи Эрон ва дар марз бо Покистон 41 нафар ва аксаран сокинони Покистонро кушт.
XS
SM
MD
LG