Пайвандҳои дастрасӣ

Сабти ном барои интихоботи Эрон ба поён мерасад


Имрӯз мӯҳлати сабти номи довталабон ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон ба поён мерасад. Бино ба гузоришҳо, ҳафтаи гузашта бештар аз 360 нафар санадҳои худро барои сабти ном ба ин мақом пешниҳод кардаанд, ки дар байни онҳо Муҳаммад Ризо Ориф, сиёсатмадори ислоҳталаб ва муовини собиқи раиси ҷумҳури Эрон ва Ғулом Алӣ Ҳаддод Одил, раиси пешини порлумон ва як ҳампаймони наздики Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон низ ҳастанд. Акнун феҳрасти довталабон ба дасти Шӯрои Нигаҳбони Эрон, як ниҳоди мураккаб аз рӯҳониёни муҳофизакор меравад, ки баъди баррасӣ, то рӯзи 23-уми май феҳрасти ниҳоии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро содир мекунад. Қарор аст, интихобот рӯзи 14 июн баргузор шавад. Аҳди дуввуми Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълии Эрон, ки дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 дар мақомаш монд, имсол ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG