Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон интихоботи порлумонӣ идома дорад


Бо вуҷуди ҳамлаҳои хунин ва таҳдидҳои Толибон, интихоботи таърихии порлумонӣ дар Покистон идома дорад. Баъди чанд соати шурӯъи интихобот дар рӯзи шанбе, маъмурони пулис хабар доданд, ки дар бомбгузорие дар шаҳри Карочӣ 10 нафар кушта шуданд. Ҳадафи ҳамла зоҳиран дафтари Ҳизби Авоми Миллӣ, як ҳизби мухолифи низоми исломӣ дар Покистон, будааст. Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар ҳамлаи дигаре ба занони раъйдиҳанда дар Пешовар дасти кам як нафар ҷон додааст. Дар ҷараёни корзори тарғиботӣ дар остонаи интихоботи порлумонии Покистон дар ҳамлаву бомбгузориҳо, бештар аз 120 нафар кушта шуданд. Толибони Покистон интихоботро ғайриисломӣ хонда ва таҳдид кардаанд, ки раъйдиҳиро ба ҳам мезананд. Дар таърихи Покистон бори аввал аст, ки баъди хатми даври комили раёсати як ҳукумати ғайринизомӣ, шаҳрвандон аз роҳи маданӣ порлумони навро интихоб мекунанд. То ин замон дар Покистон артиш се маротиба аз роҳи табаддулот ба қудрат расида ва тақрибан 30 сол ҳукумат кардааст.
XS
SM
MD
LG