Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои ахир таваҷҷуҳ ба ҳунари мардумӣ ё худ дасткорӣ бештар шудааст.

Имрӯз ҷиҳозу ороишоти миллиро на танҳо дар хонаҳои мардуми соҳибзавқу эҷодкор, балки дар меҳмонхона, коргоҳҳои хусусиву давлатӣ низ метавон дучор омад. Метавон гуфт, ки истифодаи ашёву ҷиҳози миллӣ ба тариқи мудерн, гӯё мӯд шудааст.

Дар Душанбе дӯконҳое мавҷуданд, ки маҳз ба фурӯши корҳои дастӣ ихтисос дода шудаанд. На танҳо либосу ороишоти миллӣ, ки аз қабл ҳам маъмул буд, балки арӯсакҳо, кифҳои дорои ҳаҷмҳои гуногун, ҷиҳози ороиши хонаю девор, болину кӯрпачаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд.

Онҳо чандон арзон ва барои ҳама дастрас ҳам нестанд. Масалан, арӯсакҳо аз 30-40 то беш аз 100 сомонӣ арзиш доранд. Тавре, Санавбар, як фурӯшандаи дасткориҳо мегӯяд, харидорони онҳо зиёданд. Ба харидории арӯсакҳо аз ҷумла хориҷиён таваҷҷуҳ бештар аст ва онҳоро бештар ҳамчун ҳадя барои дӯстону наздикон мегиранд.

Санавбар гуфт, арӯсаку болиштҳоро барояш аз Исфараву Хуҷанд, кифҳоро аз Ёвону Кӯлоб, ороишотро аз Варзобу Бадахшон меоранд. Таваҷҷуҳи мардум ба ин ҳунарҳо ба занҳои хонашини зиёде имкон додааст, ки ба ин васила дастмузди хубе ба даст оранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG