Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лавров: Пойгоҳи низомии Русия дар Беларус ба Аврупо таҳдид намекунад


Лавров дар Полша

Лавров дар Полша

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия замонат дод, ки нақшаҳои низомии кишвараш дар бораи иҷоди пойгоҳи низомӣ дар Беларус ба Аврупо нигаронида нашудааст ва ҷавоб ба иҷоди системаи дифоъи зиддимушакии Ғарб нест.

Лавров ин суханонро рӯзи ҷумъа дар Варшава дар нишасти хабарие баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷаи Олмон ва Полша Гуйдо Вестервелле ва Радослав Сикорский изҳор дошт.

Лавров гуфт, “Русия ва Беларус фазои ягонаи низомӣ доранд”. Вай илова кард, ки амнияти Аврупо танҳо “дар якҷоягӣ бо Русия имконпазир аст”.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи се кишвар ғайрирасмӣ буд ва дар он вазъ дар Сурия ва роҳҳои ҳали бӯҳрон дар он кишвар низ баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG