Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико парвандаи зидди Максим Боқиевро баст


Максим Боқиев дар додгоҳи Лондон, декабри 2010

Максим Боқиев дар додгоҳи Лондон, декабри 2010

Роберт Нардоза-сухангӯи додситони Лоретта Линчи Нию Йорк изҳор дошт, ки Амрико дархости худро дар бораи истирдоди Максим Боқиев-соҳибкор ва писари Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон фаро хондааст.

Дар Амрико парванди ҷиноӣ бар зидди Максим баста шудааст. Нардоза сабаби чунин тасмимро тавзеҳ надод.

Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон сафири Амрико дар Қирғизистонро ба вазорат эҳзор ва аз ин тасмим ба вай изҳори нигаронӣ намуд.

Максим Боқиев моҳи октябри соли 2010 бо дархости Амрико дар Лондон боздошт шуда буд ва баъд аз пардохти васиқа дар ҳамон ҷо боқӣ монд. Агар вай ба Қирғизистон истирдод шавад, дар он сурат ба 25 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG