Пайвандҳои дастрасӣ

Темурлан Тсарнаевро дар қабристони Вирҷиния дафн карданд


Темурлан Тсарнаев яке аз гумонбарони эҳтимолӣ дар бамгузориҳои пойга ё марафони 15 апрели Бостони Амрико дар қабристони мусулмонон дар Вирҷиния ба хок супурда шуд. Дар ин бора пулис хабар додааст. Аммо пулис маҳали дафни вайро дақиқ хабар надодааст, танҳо гуфтааст, ки берун аз аёлати Массачуссетс дафн кардаанд.

Темурлан 26 сол дошт. Вай дар тирандозӣ бо пулис ба қатл расид. Бародари вай Ҷоҳар 19 сола аст ва баъд аз боздошт дар зиндон ба сар мебарад.
Агар даст доштани вай дар ин бамгузориро исбот кунанд, дар он сурат вай ба қатл маҳкум хоҳад шуд.

Дар бамгузории Бостон 3 нафар кушта, 264 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG