Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” фаъолияташро қатъ намекунад


Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” мегӯяд, ки таҳрими Амрико бар зидди дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба ин ҳолдинг ҳам таъсир мерасонад.

1 маи соли ҷорӣ Раёсати назорат ба сармояҳои хориҷӣ дар назди Вазорати молияи Амрико бар зидди дороиҳои шаш ширкат ва як шахс таҳрим эълон кард ва дороиҳои онҳо аз гадиш монданд. Ин кор бо дастури Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико сурат гирифт.

Бино бар ин дастур, Амрико бояд аз гардиши дороиҳое, ки ба густариши аслиҳаи куштори ҷамъӣ иртибот дорад, пешгирӣ кунад. Дар гузориши Реестри Федеролии Амрико, ки субҳи 1-уми май нашр шуд, омадааст, ки чунин таҳрим бар зидди “Kont Investment Bank”, марказаш дар шаҳри Душанбе, ҷорӣ шудааст. Муассиси ин бонк ширкати “Kont Kosmetik” мебошад, ки дар Туркия сабти ном шуда ва сармояи он низ зери таҳрим рафтааст.

“Kont Investment Bank” ба Муртазо Бобаки Занҷонӣ-миллиардери эронӣ тааллуқ дорад ва дар соли 2007 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст.
Дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ Рустам Саидов-раиси умумии Ҷамъияти саҳҳомии “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” гуфт; таҳрими Амрико бар зидди дороиҳои Бобаки Занҷонӣ ба ҳолиднги мо ҳам таъсир мерасонад. Агар мо зарар гӯем, шояд чандон дуруст набошад, вале таъсири худро дорад. Таъсири он бевосита ба он рабт дорад, ки имрӯз Амрико дар иқтисоди ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунад ва вақте, ки чунин иқдом аз ҷониби кишвари абарқудрате мисли Амрико сурат мегирад, ҳатман он ба идомаи фаъолияти ин ё он ширкат, ин ё он соҳибкор, ин ё он давлати алоҳида таъсир мерасонад. Мо инро ба хубӣ дарк мекунем ва эътироф ҳам мекунем. Вале ин омил маънои онро надорад, ки “Kont investment Bank”, ки шарики сармоягузори “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” мебошад, фаъолияти худ ва фаъолияти ширкатҳои марбут ба онро қатъ гардад. То ин вақт фаъолияти мо дар доираи қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон ва риояти бечуну чарои муқаррароти байналмиллалӣ сурат мегирифт ва ин раванд дар оянда низ ба ҳамин минвол идома хоҳад ёфт.

Озодӣ: Ба ҳар сурат ҳоло, ки таҳрим эълон шудааст, шумо чӣ кор карданӣ ҳастед?

Саидов: Раҳбарияти “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” ва раҳбарияти шарики маблағгузори “Kont investment Bank”, ки намояндагиаш дар Тоҷикистон ҷойгир аст, изҳори умед мекунанд, ки ин таҳрим дар ояндаи наздик аз ҷониби Амрико ҳатман бознигарӣ мешавад, чунки ҳадафи аслии ширкати мо ва шарики ҳамкори мо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани сатҳи зисти мардум аст.

То ҳол ҳам аз ҷониби бонк ва ҳам аз ҷониби ширкатҳои марбут ба “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” меъёрҳои байналмиллалии ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ риоят шудааст, барои ҳамин мо фаъолияти худро қатъ нахоҳем кард.

Озодӣ: Пас метавонем бигӯем, ки баъд аз таҳрим шумо иртиботи худро бо “Kont investment Bank” қатъ ва сарчашмаҳои дигари сармоягузориро ҷустуҷӯ мекунед ё нақшаҳои дигар ҳам доред?

Саидов: Дар фаъолияти “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” бонки сармоягузории “Kont investment Bank” ба сифати шарики молиявӣ маблағгузорӣ мекунад ва дар Тоҷикистон ҳамчун бонки сармоягузор муаррифӣ шудааст, ба бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои дигар қарз медиҳад. Ана дар ҳамин радиф ин бонк амалиёти марбут ба лоиҳаҳои ширкати моро ҳам сармоягузорӣ мекунад. Амалиёти молии мо аз тариқи ҳамин бонк сурат мегирад. Вале сармоягузориҳое, ки то ҳол сурат гирифтааст, пурра аз ҷониби “Kont investment Bank” нест. Аз дигар сохторҳо ҳам маблағҳо ворид шудаанд. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки робитаамонро бо ин бонк қатъ мекунем. Дар ин бора тасмим гирифтан ҳоло барвақт аст. Вале мо мебинем, ки натиҷаи чунин таҳрим чӣ хоҳад шуд, дар он сурат мо дар бораи иртиботи оянда бо “Kont investment Bank” тасмими худро эълон мекунем.


Бобаки Занҷонӣ
Бобаки Занҷонӣ
Озодӣ: Оё бо Бобаки Занҷонӣ-миллиардери эронии муқими Амрико ва раҳбари “Kont investment Bank” иртибот доред ва баъд аз эълони таҳрими Амрико бо вай масъалаи ҳамкориҳои баъдиро баррасӣ кардаед?

Саидов: Мо ҳеҷ вақт иртиботи худро бо Бобаки Занҷонӣ инкор намекунем. Дар таъсиси бонк Бобаки Занҷонӣ саҳм дошт ва инкор кардани он кори нодуруст аст.

Озодӣ: Баъд аз ҷорӣ шудани таҳрим бар зидди Занҷонӣ ширкати шумо метавонад бо вазъи молие, ки ҳоло дорад, ҳамаи тарҳҳои сохтмонӣ ва тарҳҳои дигари худро мустақилона иҷро кунад?

Саидов: Инро вақт муайян мекунад. Имрӯз иҷрои тарҳҳои “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” идома дорад. Ин ҳолдинг ҳанӯз ҷавон аст, як соли пеш ташкил шуда буд ва чанд ширкат дар ин ҳолдинг муттаҳид шудаанд. Идомаи фаъолияти ин ҳолдинг таҳлили мустақил ва амиқро мехоҳад, чунки ҳамаи корҳое, ки мо мекунем, аз ҷумла маблағе, ки сарф мекунем, дар муддати кӯтоҳ бозгашти он ғайриимкон аст. Ҳамин ҳоло ҳам ин ҳолдинг фаъолияти худро бо зарар пеш мебарад. Вале мо умедворем, ки ҳукумати Тоҷикистон ба мо кӯмак кунад. Мо ҳоло ин таҳримеро, ки аввали моҳи май эълон шуд, таҳқиқ мекунем ва баъди дарёфти хулосаи коршиносон назари худро баён мекунем.

Озодӣ: Нақшаҳоятон барои ояндаи наздик чӣ аст?

Саидов: Мо тасмим гирифтием, ки бунёди Маркзази тиҷоратӣ дар шаҳри Душанберо дар моҳи сетнтябри соли 2014 ба поён расонем. Дар сурати ба кор даромадани ин марказ 3 ҳазор нафар дар он ҷо бо ҷои кор таъмин мешаванд. Ҳоло дар ин сохтмон 1 500 коргар кор мекунанд ва 80 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Арзиши сохтмони ин марказ 30 миллилон евро аст ва дар Тоҷикистон назир надорад, яъне ҳудуди 200 миллион сомонӣ. Терминали марказии шаҳри Душанберо ба итмом мерасонем. 300 нафар соҳиби ҷои кор мешаванд.

Лоиҳаҳои дигари муштарак бо “Тоҷик эйр” дар бахши парвози ҳавопаймоҳо дорем. Дар бахши ҷаҳонгардӣ ё туризм барномаҳо дорем. “Ширкати “Конт Туризм”-и мо дар ин бахш ба фаъолият шуруъ кардааст.

Дар Душанбе нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ нақлиёти зараровар маҳсуб мешуд ва давлат ба он кӯмаки молӣ мекард. Вале имрӯз ниҳодҳои “Ҳолдинги Контгрупп Тоҷикистон” ҳамин чизро алоҳида бе дастгирии давлатӣ бар уҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG