Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Антеннаи нав дар болои Маркази ҷаҳонии тиҷорат


Дар болои бинои нави Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар шаҳри Нюйорк манораи нуқрагӣ вогузор шуд. Акнун ин бино, ки 541 метр баландӣ дошта, баландтарин бинои ИМА ба шумор меравад. 541 метр ба 1776 фит баробар аст. 1776 рамзи соли эълони Эъломияи истиқлоли ИМА аст. Биноҳои дугоники Маркази ҷаҳонии тиҷорат бар асари ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001 вайрон шуда буданд. Манораи наве, ки рӯзи ҷумъа дар боми бино гузошта шуд, 124 метр баландӣ ва 758 тонна вазн дорад. Он ҳамчун антенна истифода хоҳад шуд. Аслан сохтмони бинои нави Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар соли 2014-ум ба поён хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG