Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), ки тирамоҳи соли равон дар бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ширкат хоҳад кард, дар Кувайт ҷамъомади таълимиву тамринӣ анҷом медиҳад.

Футболбозони ҷавони тоҷик бо роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Осиё дар шаҳри Ал-Кувайт рӯзи 9-уми май бо дастаи мунтахаби ҷавонони Кувайт бозии дӯстона карданд, ки он бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Бозии дувуми ин дастаҳо рӯзи 11-уми май баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Эрон, Арабистони Саудӣ ва Лубнон рақобат мекунад.

Бозии дӯстона
Кувайт (U-19) - Тоҷикистон - (U-19) - 0:0
Тоҷикистон: Эмомалӣ Сониев (Дилшод Дадобоев, 46), Анвар Ҳамроқулов, Самандари Хайриддин, Фирдавс Чақалов, Ҷаҳонгир Алиев (Мӯҳсинҷон Парпиев, 80), Сиёвуш Мӯҳсинов (Алишер Ҷӯраев, 70), Зокир Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (капитан), Комрон Турсунов (Зайниддин Сафаров, 80), Меҳроҷиддин Музаффаров (Суннатулло Холов, 61), Салимҷон Умуров (Дилшод Расулов, 65).
9-уми май. Ал-Кувайт. Варзишгоҳи «Казма». 50 тамошогар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG