Пайвандҳои дастрасӣ

Дар зери вайронаҳои бино зани зинда ёфт шуд


Аз зери вайронаҳои муҷтамаи либосдӯзии Бангладеш як зани зинда ёфт шудааст. Телевизионҳои маҳаллӣ амалиёти наҷоти ин занро намоиш додаанд.

Ба қавли мақомот феълан зан дар шифохона аст. Бар асари фурӯпошии бинои муҷтамаи насоҷиву дӯзандагии канори шаҳри Дака, ки 24-уми апрел ба вуқӯъ пайвастааст, беш аз як ҳазор нафар ҳалок шуданд.

Беш аз 2500 нафар, ки ҳангоми фурӯпошии бино дар дохили он буданд, наҷот ёфтаанд. Мақомоти Бангладеш бо иттиҳоми нодидагирии меъёрҳои амниятӣ беш аз 10 нафарро боздошт намуданд.

Ин ҳодиса таваҷҷӯҳро ба шароити номусоиди кори ходимони соҳаи дӯзандагии ин кишвар ҷалб намудааст.
XS
SM
MD
LG