Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи оҳани Туркманистон-Қазоқистон ифтитоҳ меёбад


Президентҳои Қазоқистону Туркманистон нақша доранд, рӯзи шанбе даҳр шаҳри Оқтау дар кушоиши расмии роҳи оҳан, ки ду ҷумҳуриро ба ҳам мепайвандад, ширкат варзанд.

Рӯзи ҷумъа баъди музокирот бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Остона гуфт, сохтмони ин роҳи оҳан тамдид ёфта, то Халиҷи Форс идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG