Пайвандҳои дастрасӣ

Ш.Маҳмадалиев: “Мақсади ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст”


Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани маъруфи тоҷик.

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани маъруфи тоҷик.

Шералӣ Маҳмадалиев, муштзани тоҷик, дар қувваозмоии 18-уми худ дар бокси ҳирфаӣ бар рақибаш Cтанислав Леонови литовӣ ғалаба кард.

Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Пскови Русия барпо гардид, муштзани тоҷик рақибашро дар раунди дуюм бо накаут пеш аз мӯҳлат шикаст дод.

Дарвоқеъ, ин дувумин ғалабаи Шералӣ дар мавсими имсола мебошад. Ӯ моҳи феврали соли равон бар рақибаш Евгений Фёдорови латвиягӣ дастболо шуда буд. Дар ин қувваозмоӣ, ки дар шаҳри Великий Новгороди Русия барпо гардид, баъди анҷоми сабқати ҳаштраунда доварон якдилона муштзани тоҷикро ғолиб донистанд.

Шералӣ Маҳмадалиев, ки дар бокси ҳирфаӣ бо лақаби “Шери тоҷик” маъруф аст, соли 2010-ум соҳиби камарбанди WBO EUROPEAN ва PABA (Созмони урупоии Ташкилоти ҷаҳонии бокс) дар вазни ниммиёна гардида буд.

Шореҳи варзиши радиои Озодӣ бо муштзани машҳури тоҷик Шералӣ Маҳмадалиев, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад, сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Озодӣ: Шералӣ Шуморо бо ғалабаи 16-уматон дар бокси ҳирфаӣ табрик мегӯем.

Шералӣ: Ташаккур.

Озодӣ: Дар бораи худ каме маълумот бидиҳед.

Шералӣ: Ман 6-уми майи соли 1981 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Исфара таваллуд шудаам. Ба бокс аз хурдсолӣ, замоне ки дар синфи 6-ум мехондам, вазнам он вақт 32-33 кило буд, машқ мекардам.

Озодӣ: Устодатон дар бокс кӣ буд?

Шералӣ: Устоди аввалинам Анорхӯҷа ном доштанд, аз он кас каме таълим гирифтам. Мураббии аслии ман Додобек Фатҳуллоев, мудири мактаби варзишии кӯдакону наврасони рақами 2-и Исфара, мебошанд. Ман ба чизе ки муваффақ шуда бошам, аз ҳамин кас миннатдорам.

Озодӣ: Шумо дар бокси ҳаваскорӣ ба чӣ дастовардҳо ноил шудаед?

Шералӣ: Ман қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон ҳастам. Дар ҳайати дастаи мунтахаби бокси кишвар дар мусобиқоти ҷаҳонӣ соли 2007-ум дар Амрико ширкат доштам. Дар мусобиқоти қитъавию байналмилалӣ се бор дар Тайланд, инчунин, дар Филиппин, Муғулистон, Чин ва Эрон иштирок кардаам.

Озодӣ: Шумо ба бокси ҳирфаӣ аз кай машғулед?

Шералӣ: Ман 5-уми сентябри соли 2008-ум аз Тоҷикистон ба Санкт-Петербург омадам. Бар асоси қарордод аввалин қувваозмоии ман моҳи октябри ҳамон сол баргузор шуд ва ман нахустин ғалаба ба даст овардам.

Озодӣ: Натоиҷи сабқати Шумо дар бокси ҳирфаӣ чӣ гуна аст?

Шералӣ: Ман дар муддати чоруним сол ҳамагӣ 18 қувваозмоӣ карда, дар 16-тоаш (9-тоаш бо нокаут) пирӯзӣ ба даст овардаам ва дар ду қувваозмоӣ (яктоаш бо нокаут) мағлуб гаштаам.




Озодӣ: Дар сабқати бокси ҳирфаӣ кадом қувваозмоӣ бароятон фаромӯшнашаванда аст?

Шералӣ: Қувваозмоӣ бо Фредерик Сере аз Фаронса барои унвони қаҳрамони WBO Europa ва PABA моҳи феврали соли 2010-ум дар Финляндия барои ман фаромӯшнашаванда аст. Ман дар ин сабқати 12-раунда дар даври 6-ум рақибамро зада, қошашро дарронда будам ва ӯ маҷбур шуд, ки аз идомаи мубориза даст кашад. Ҳамчунин дар шаҳри Санкт-Петербург бар муштзани белгиягӣ дар муддати 17 сония бо нокаут дастболо шудам.

Озодӣ: Чаро Шумо барои машқ ва зиндагӣ маҳз Санкт-Петербургро интихоб кардед?

Шералӣ: Ман ба ин ҷо назди ҳамшаҳриамон Гена (номи аслиашон Ғаниҷон) Мамадҷонов, раиси Федератсияи бокси Санкт-Петербург, ки бо устодам дӯстанд, омадам. Он кас маро хуш қабул карданд ва то ҳол дастгирӣ мекунанд.

Озодӣ: Шумо шаҳрвандии Русияро пазируфтаед?

Шералӣ: Агар ман хоҳам, ки шаҳрвандии Русияро қабул кунам, ба ман шиноснома медиҳанд. Вале мақсади ман ин аст, ки мехоҳам аз номи Тоҷикистон қаҳрамони ҷаҳон шавам, номи тоҷикро баланд бардорам. Умуман, ман оянда боз ба Ватани худ, ба Тоҷикистон бармегардам.

Озодӣ: Шумо дар мусобиқот кадом кишварро муаррифӣ мекунед?

Шералӣ: Ҳам Русия ва ҳам Тоҷикистонро. Аз рӯи қарордод аз Русия ном мебаранд, вале шаҳрванди Тоҷикистон мегӯянд.

Озодӣ: Шумо дар қувваозмоиҳои бокси ҳирфаӣ чӣ қадар маблағ мегиред?

Шералӣ: Маблағи гирифтаам барои зиндагӣ мерасад. Вақте ки ду бор дар мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо ғолиб шудам, маблағи нағз доданд. Вале вақте ки лат хӯрдам, ҷарроҳӣ карданд ва як сол дар мусобиқот иштирок надоштам. Баъди табобат боз ба ринг баромадам ва худоро шукр, ки дар ду қувваозмоии имсола бар ду рақиби аврупоии худ ғалаба кардам.

Озодӣ: Шумо оиладор ҳастед?

Шералӣ: Бале, оиладорам. Ду фарзанд дорам.

Озодӣ: Оилаатон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Шералӣ: Ҳамсарам, писарчаам Муҳаммад ва духтарчаам Марям бо ман дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд. Барои мо Федератсияи бокси шаҳр ҳуҷраеро ба иҷора гирифтааст. Фарзандонам хурдсоланд ва ба боғча мераванд.
Озодӣ: Вақти холигӣ бо чӣ корҳо машғул мешавед?

Шералӣ: Дар Санкт-Петербург муҳоҷирони корӣ аз Исфара бисёранд. Бо ҳамшаҳриҳоям рӯзҳои истироҳат дар варзишгоҳ ба бозии футбол машғул мешавем. Инчунин ба бӯстонсарои Ғаниҷон Маҳмадҷонов рафта, дам мегирем.

Озодӣ: Дар Исфара киҳо ба Шумо мухлисӣ мекунанд?

Шералӣ: Пеш аз ҳама падару модарам, бародарам ва хешу табор, дӯстону шиносҳоям. Падарам устои бинокор мебошанд. Волидайнам ҳамеша ба ман дуои нек мекунанд. Онҳо маро рӯзи 6-уми май бо зодрӯзам табрик карданд.

Озодӣ: Бори охирин кай ба Тоҷикистон омада будед?

Шералӣ: Соли гузашта, моҳҳои август – сентябр, дар моҳи шарифи Рамазон.

Озодӣ: Мусобиқаи наздиктарин бароятон кадом аст?

Шералӣ: Ба ман аз Душанбе занг зада, маро барои иштирок кардан дар як мусобиқаи бокси касбӣ, ки 15-уми май баргузор мешавад, даъват карданд. Мехоҳам, ки дар ин мусобиқа аз номи Тоҷикистон ширкат кунам.

Озодӣ: Кумири Шумо дар бокс кист?

Шералӣ: Майк Тайсон.

Озодӣ: Дар бораи муштзанҳои тоҷик чӣ андешаҳо доред?

Шералӣ: Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ва чанде дигарон муштзанҳои хубанд. Ман ба ояндаи неки бокси тоҷик бовар дорам. Бахусус аз муштзани ҷавон Асрор Воҳидов, ки дар як толор дар шаҳри Исфара бо роҳбарии устодамон Додобек Фатҳуллоев машқ мекардем, бисёр ғалабаҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ умедворам. Вай, ки дар байни наврасон қаҳрамони ҷаҳон шуд, бовар дорам, ки дар оянда миёни бузургсолон ҳам ба ин унвони баланд сазовор мешавад.

Озодӣ: Ба мардуми тоҷик, ба мухлисонатон чӣ гуфтаниед?

Шералӣ: Аввалан ба ҳамаи мардуми тоҷик, ба ҳамаи онҳое, ки маро дастгириву мухлисӣ мекунанд, ташаккур мегӯям. Аз он чиз хеле хушҳолам, ки ҳангоми қувваозмоиҳои ман дар шаҳрҳои гуногуни Русия маро мухлисонам, тоҷиконе, ки дар муҳоҷирати корӣ ҳастанд ва ё дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, хеле хуб дастгирӣ менамоянд. Маҳз дастгирии онҳо ба ман барои пирӯзӣ қувваю илҳоми тоза мебахшад.

Озодӣ: Чӣ орзу доред?

Шералӣ: Орзуи ман қаҳрамони ҷаҳон шудан аст. Мақсад дорам, ки Парчами Тоҷикистон ва номи тоҷиконро баланд бардорам.

Озодӣ: Шералӣ, ташаккур барои сӯҳбат. Мо ба Шумо барои амалӣ шудани орзуҳои наҷибатон барори кор ва пирӯзиҳо таманно дорем.

Шералӣ: Ташаккур.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG