Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Эронро аз Никосия фаро хонданд


Вазорати корҳои хориҷии кишвари Кипр ва ё Қибрис мегӯяд, Эрон сафирашро аз Никосия бозхондааст. Чанде пеш аз он як шаҳрванди Эрон аз Кипр ба ИМА истирдод шуд.

Ин шаҳрванди Эронро бо нодидагирии таҳрими аслиҳаи СММ муттаҳам мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Кипр Иоаннис Касулидис дар Вашингтон гуфт, истирдоди ин фарди эрониро додгоҳи кишвар иҷозат додааст.

Номи ин шаҳрванди Эрон ошкор нашудааст. СММ бо ишора барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон ҷумҳурии исломиро мавриди таҳрим қарор додааст. Эрон исрор меварзад, ки барномааш ҳадафҳои осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG