Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон интихоботи умумӣ доир мешавад


Юсуф Ризо Гилонӣ
Юсуф Ризо Гилонӣ
Раъйдиҳандагони покистонӣ ба овоздиҳии рӯзи шанбе омодагӣ мегиранд. 11-уми май дар Покистон интихоботи умумӣ доир мешавад. Барои аввалин бор дар тӯли 66 соли таърихи Покистон ҳукумати мулкии ин кишвар як даври комил дар сари қудрат буд. Дар арафаи интихобот саросари Покистонро хушунат, куштор, одамрабоӣ ва бомбгузорӣ фаро гирифт, ки дар натиҷа камаш 100 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи панҷшанбе дар як гирдиҳамоии тарғиботӣ писари сарвазири собиқи Покистон Юсуф Ризо Гилонӣ рабуда шуд. Алӣ Ҳайдар Гилонии 25-сола аз номи ҳизби мардумии Покистон барои курсии шӯрои вилоятӣ мубориза мебарад. Ҳангоми рабудани Гилонӣ ду каси дигар кушта шуданд. Толибони Покистон интихоботро ғайри исломӣ унвон додаанд. Тахмин мешавад, ки масъулияти аксари амалиёти хушунатбор бар дӯши Толибони Покистон аст.
XS
SM
MD
LG