Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел бидуни эълон ба Афғонистон рафт


 Канслери Олмон Ангела Меркел дар Афғонистон

Канслери Олмон Ангела Меркел дар Афғонистон

Канслери Олмон Ангела Меркел зиёрати ғайримунтазирааш аз Афғонистонро оғоз намуд.

Ба гуфти мансабдорон рӯзи ҷумъа хонум Меркел ҳамроҳ бо вазирои мудофиаи Олмон Томас де Мезйер озими шаҳри шимолии Мазори Шариф шуд. Дар он ҷо пойгоҳи сарбозони олмонӣ ҷойгир аст.

Шаш рӯз пеш барои аввалин бор дар давоми ду соли гузашта Толибони ошӯбгар як сарбози олмониро ба ҳалокат расонданд.

Пешбинӣ мешавад, ки соли 2014-ум ҳамроҳ бо нерӯҳои дигар кишварҳои узви паймони НАТО 4300 сафсару сарбози олмонӣ ҳам Афғонистонро тарк мекунанд.

Дар айни замон Олмон мегӯяд, ҳозир аст баъди соли 2014-ум низ 800 низомиашро ба хотири кумак ба нерӯҳои амниятии афғон дар ин кишвар нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG