Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси гузориши нави Оҷонсии омори Тоҷикистон мизони фасод дар кишвар ҳудуди 22 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро дар семоҳаи аввали сол баррасӣ карда, мегӯяд, «мувофиқ ба таносуби ҷиноятҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Додситонии кулл, вазорати умури дохила, Оҷонсии мубориза бо фасод ва дигар ниҳодҳои марбута ба қайд гирифта шуданд, мизони фасоду коррупсия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 дарсад афзоиш ёфтааст.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки бар пояи ин гузориш дар се моҳи аввали сол 738 ҷинояти иқтисодӣ ба мисли порахӯрӣ, ришваситонӣ, дуздии ҳаҷман калон ва махсусан калон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 278 ҷиноят ошкор карда шудааст.

Аммо Алиакбар Абдуллоев, раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиб ва ташаккули маърифати зидди коррупсионӣ то андозае ба гузориши оҷонси омори Тоҷикистон розӣ нест. Вай мегӯяд, «бо саршумори ҷиноятҳои ошкоршуӯда Оҷонсии омор баҳогузорӣ кардааст, ки сатҳи корупсия майли болоравӣ дорад. Ба ин розӣ шудан ҳеҷ мумкин нест. Зеро дар Тоҷикистон ниҳодҳои зирабтӣи мубориза бо корупсия бо баргузории чорабиниҳо ва иқдомҳои пайгирона кушиш доранд, ки сатҳи корупситяро поён баранд.»

Раиси Маркази ҷумҳуриявии тарғиб ва ташаккули маърифати зидди коррупсионӣ бар ин назар аст, ки Оҷонсии омор танҳо бо баршуморидани ҷиноятҳои ошкоршуда наметавонад, мизони воқеии фасод дар Тоҷикистонро таҳлилу арзёбӣ кунад ва танҳо Оҷонсии мубориза бо коррупсия, салоҳияти баҳогузорӣ ба ин падидаро дорад. Аз сӯи дигар, Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, аз соли 2006 то кунун пажӯҳише низ дар мавриди вазъи фасод дар кишвар анҷом нашудааст ва ба ин далел бовар кардан ба гузориши Оҷонсии омор ғайриимкон аст.

Аммо нозирони умур бар ин боваранд, ки фасод дар воқеъ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳадде рушд кардааст, ки аз ин меъёр афзудани он ғайриимкон аст. Барот Мақсудов, ҷомеашиноси тоҷик дар ин бора мегӯяд, «коррупсия дигар майдони васеъшавӣ надорад. Ин падида ба нуқтаи баландтарин расида буд. Дигар чи гуна рушд мекунаду ба васеъшавӣ мерасад.»

Ин ҷомеашиноси тоҷик сабаби афзоиш ёфтани сатҳи фасод ва ошкор шудани ҷиноятҳои хусусияти корупсияонӣ доштаро ба беҳтар шудани фаъолияти ниҳодҳои марбутаи зидди корупсия дар кишвар марбут медонад. Ҳамчунин Барот Мақсудов бар ин назар аст, ки густариши фаъолияти кормандони ниҳодҳои мубориза бо фасод низ ангезаи сиёсӣ дорад. Чун ба таъкиди вай имсол соли интихоботи президентӣ аст ва ҳатман, ки мақомот талош мекунанд то дастовардҳоро бештар ба раҳбарияти сатҳи олӣ нишон диҳанд.

Бо ин ҳам дар гузориши оҷонси омори Тоҷикистон аз вуҷуди коррупсия дар ниҳод ва ё вазоратхонаи хосе ном бурда нашудааст, аммо иттилооти Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳокист, ки фасоди густарда миёни кормандони ниҳодҳои вобаста ба вазоратҳои маориф ва умури дохилӣ вуҷуд дорад.

Гузориши мақомоти расмии Тоҷикистон дар мавриди афзоиши фасод дар ҳоле нашр мешавад, ки дар моҳи декабри соли гузашта созмони Transperency International дар гузориши худ мизони фасод дар 176 кишвари ҷаҳонро “чен” карда, Тоҷикистонро дар мақоми 157-ум қарор дода буд.

Мубориза бо фасод аз чанд сол ба ин сӯ дар садри барномаҳои давлати Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамчунин ба ин манзур ба изофаи ниҳодҳои дигар, Оҷонси мубориза бо коррупсия низ таъсис шуда ва амал мекунад. Аммо то ҳоло ягон мансабдори сатҳи болоии давлат бо иттиҳоми фасод боздошт ва муҷозот нашудааст, то ба воқеияти ин мубориза таъкид шавад.


Агарчи дар гузориши Ожонси зидди фасод аз вуҷуди коррупсия дар ниҳод ва ё вазоратхонаи хосе ном бурда нашудааст, аммо қаблан Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва Додситонии кулли Тоҷикистон, аз фасоди густурда миёни кормандони ниҳодҳои вобаста ба вазоратҳои маориф ва умури дохилӣ, ишора карда буданд.

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо, мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.

Ба назари таҳлилгарон, як мушкили фасод ва густариши он, мавҷуд набудани иродаи сиёсӣ барои мубориза бо ин зуҳурот аст. Далели он ҳам ин аст, ки Оҷонси мубориза бо фасод дар солҳои ахир бархе аз вазоратхонаҳои кишварро ба унвони фасодзадатарин ниҳод эълон карда буд. Аммо вақте расонаҳо айни ҳамин хабари оҷонсиро нашр карданд, додгоҳ онҳоро барои тӯҳмат ба вазорат маҳкум кард. Ин амр ба гуфтаи таҳлилгарон, иродаи мақомоти сиёӣ барои мубориза бо фасодро заиф нишон медиҳад ва баёнгари тарҷеҳ додани робита бар зобита ва ё манфиати гуруҳӣ ба амри қонун аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG