Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хобгоҳи мактаб-интернати овозадори Шӯрообод ба коми оташ рафт


Бар асари оташсӯзӣ хобгоҳи якошёнаи мактаб-интернати ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод пурра сӯхтааст. Сайидмуддасир Раҳматов, муҳандиси калони Хадамоти оташнишонӣ дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои «Озодӣ» гуфт, оташсӯзӣ тақрибан соатҳои 1 ба 2-и имшаб ба вуқӯъ пайвастааст: «Саричашма ба ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб наздик аст. Мо мошинҳо оташхомӯшкуниро аз ин ҷо ҷалб кардем. Ягон хонанда зарар надидааст Ин хобгоҳ 30 ҳуҷра дорад, ки беш аз 20 ҳуҷрааш тахминан зарар дидааст. Ҳоло гурӯҳи кори мо сабаби ҳодисаро тафтиш мекунанд. Дар паҳлӯи хобгоҳ дар ҳуҷаре маводи хӯрока низ будааст, ки мо онро аз сӯхтор наҷот додем.»

Маъмурияти ин мактаб изҳор доштанд, ки ҳангоми сӯхтор дар бинои хобгоҳ 68 нафар хонанда хоб будааст: Дар ин хобгоҳ зиёда аз сад нафар хонанда аслан хоб мекунад, вале чун рӯзи 9-уми май буд, бисёре аз хонандагон ба хонаҳояшон рафта будаанд.

Мактаб интернати рақами 13-и ноҳияи Шӯрообод аз маъруфтарин мактабҳои Тоҷикистон дониста мешавад. Замони Шӯравӣ аз даҳ хатмкунандаи ин мактаб 9 нафарашон дар мактабҳои олии Шӯравӣ дохил мешуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ дар он замон буд. Бинои хобгоҳи ин мактаб соли 1938 сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG