Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ рабояндагони писари Гелониро "буздил" хонд


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, рабудани писари нахуствазири собиқ аз тарафи афроди мусаллаҳро маҳкум кард ва онро “амали зишти душманони буздил” хонд. Ин афрод рӯзи панҷшанбе ба як раҳпаймоии интихоботӣ дар шаҳри Мултон ҳамла карда ва Алӣ Ҳайдар Гелонӣ номзад ба мақоми вакилӣ ба порлумони Покистонро рабуданд. Алӣ Ҳайдар писари Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири собиқи Покистон аст. Дар ҳамла муҳофизи Алӣ Ҳайдар кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Худи ӯ аз Ҳизби Мардумии Покистон аст, ки аз аҳзоби тараққихоҳ хонда мешавад. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо Толибони Покистон дар гузашта борҳо ба аҳзоби тарафдори низоми дунёвӣ дар Покистон таҳдид кардаанд.
XS
SM
MD
LG