Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико алайҳи Эрон таҳримоти нав эъмол кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи теъдоди дигаре аз муассисаву ширкатҳои Эрон, ки бо барномаҳои атомӣ ва арсаи энержии он кишвар иртибот доштаанд, таҳрим эъмол кард. Вазорати умури хориҷии Амрико, аз ҷумла муомилот бо чаҳор ширкати эрониро, ки ба тавлиди алюминум, абзорҳои ҳавокашӣ ва дигар маводии лозим барои ғанисозии ураниум машғул будаанд, мамнӯъ эълом кард. Дигар ширкати таҳримшуда, ширкати боркашии "Самбук" аст. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷии Амрико ин ширкат бо роҳҳои ғайримаъмулии интиқол мехостааст, бар хилофи таҳримҳои байналмилалӣ, нафти Эронро бифурушад. Фурӯши нафт як манбаъи аслии даромади Эрон аст ва аз ин ҳисоб барномаҳои баҳсбарангези атомиаш ҳам маблағгузорӣ мешавад. Қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пардаи ин барномаҳо силоҳи атомӣ месозад, иддаъое, ки Эрон пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG