Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керри алайҳи фуруши мушак ба Сурия ҳушдор дод


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳушдор додааст, ки фурӯши мушакҳои пешрафтаи русии замин ба ҳаво ба Сурия, метавонад, минтақаро ноором кунад. Ӯ дар ин бора дар шаҳри Рум ва баъди мулоқоташ бо мақомоти Итолиё сухан гуфт. Рӯзномаи Волл Стрит Ҷорнали Амрико, рӯзи чаҳоршанбе навишт, ки Исроил ба Иёлоти Муттаҳида хабар додааст, ки Русия қасд дорад, ба Сурия системаи пешрафтаи дифоъи зиддимушакӣ бифӯрушад. Сурия аз шарикони деринаи Маскав аст. Баъди шурӯъи қиёмҳои мардумӣ дар Сурия дар ду соли пеш, то кунун дар ин кишвар беш аз 80 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ва дигар ин вазорати умури хориҷии Сурия аз пешниҳоди нави Русияву Амрико барои баргузории як конфронси нав ба хотири хотима додан ба ҷанг истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG