Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай: "Амрико мехоҳад, 9 пойгоҳашро бимонад."


Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад, баъди соли 2014 дар он кишвар 9 пойгоҳашро нигаҳ дорад. Дар як суханронӣ дар ҳузури донишҷӯёни Донишгоҳи Кобул ӯ гуфт, ҳукумати Афғонистон шартҳоеро барои мизбонии ин пойгоҳҳо пеш гузоштааст. Аз ҷумла аз Амрико хостаанд, музокироти сулҳ бо Толибонро тақвият бахшад, дар таҳкими артиш, эҳёи иқтисод ва мудирият дар Афғонистон кӯмак кунад. Амрико ва Афғонистон ҳоло сари созишномае музокирот доранд, ки ба теъдоде аз нерӯҳои амрикоӣ иҷоза бидиҳад, пас аз соли 2014 низ дар ин кишвар бимонанд. Амрик ҷузъиёти ин созишномаро ошкор накардааст. Қарор аст, то поёни соли 2014 аксари нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG