Пайвандҳои дастрасӣ

"Нисбат ба «облава»-и Восеъ хаттӣ муроҷиат нашудааст"


18 дарсади сару рӯи Муҳаббат Бердиева, як сокини Восеъ чанд рӯз қабл бар асари "облава"-и як ҷавон, сӯхт.

18 дарсади сару рӯи Муҳаббат Бердиева, як сокини Восеъ чанд рӯз қабл бар асари "облава"-и як ҷавон, сӯхт.

Додситони ноҳияи Восеъ мегӯяд, нисбати қазияи сӯхта шудани як зани ин ноҳия дар пайи «облава», ба ин ниҳод хаттӣ муроҷиат нашудааст.

Рустам Халилов, додситони ноҳияи Восеъ рӯзи панҷшанбеи 9-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «то ба ҳол дар ин бора хаттӣ муроҷиат нашудааст. Аммо дар сурати муроҷиат кардан, дар чорчӯби қонун чораандешӣ мешавад.»

Ба таъкиди ҷаноби Халилов, худи зан ё намояндаи вай ҳақ дорад дар сурати нақз шудани ҳуқуқаш ба ниҳодҳои марбута, ба хусус додситонӣ муроҷиат кунад ва мақомоти дахлдор қазияро таҳқиқ хоҳанд кард. Аз додситон пурсидем, ки «ин зан бар асари чунин ҳодиса сӯхтааст ва кӣ бояд масъулияти ҷавобгарии онро бар дӯш гирад?» Рустам Халилов гуфт, ки «ҳеҷ кас намесӯзад ва ниҳодҳои марбута чораандешӣ хоҳанд кард.»

Аммо ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, мақомоти интизомиву тафтишотӣ, аз ҷумла додситонӣ, ҳаққ доранд дар сурати ошкор шудани мавридҳои нақзи хонун аз рӯи факти қонуншиканӣ тафтишот шурӯъ кунанд. Додситони Восеъ вале нагуфт, ки оё ин идора дар қиболи қазияи расонаишудаи Муҳаббат Бердиева кадом тафтишеро шурӯъ хоҳанд кард ё на?

Рӯзи 6-уми май ҳангоми таъқиби як ҷавон дар бозори ноҳияи Восеъ, деги чалпак чаппа шуд, ки бар асари он 18 фоизи сару рӯи Муҳаббат Бердиева, саробони ягонаи 4 фарзанд, сӯхт. Шоҳидони ин ҳодиса гуфтанд, ки ин зан дар пайи "облава" ба чунин ҳол гирифтор шуд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони комиссариати низомии ноҳияи Восеъ ду ҷавонро таъқиб карданд, ки дар натиҷа ин ҷавонон ба деги равған бархӯрданд ва бо чаппа шудани дег сару рӯи Муҳаббат Бердиева сӯхтааст.

Аммо мақомоти комиссариати низомии ноҳияи Восеъ дар ҷараёни «облава» сӯхтани ин занро рад мекунанд ва мегӯянд, ин танҳо овоза буд, ки гӯё «он рӯз облава» сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони ин зани сӯхта ва яке аз ҷавонони фирорӣ гуфтанд, ки намояндагони коммиссариати низомӣ аз онҳо баён гирифтаанд, ки ин қазия ба "облава" рабте надорад ва як ҳодисаи тасодуфӣ аст. Зеро бемористоне ки Муҳаббат Бердиева дар он бистарӣ аст, куллия табобати ин занро ба таври ройгон бар дӯш гирифтааст.

Аз сӯи дигар, Сафар, падари ҷавони фирорӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «ҳама ҳал шудааст ва ҳеҷ гуна мушкиле нест». Вай аз изҳори назари бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Қазияи сӯхтани Муҳаббат Бердиева мавҷи интиқодҳо аз шеваи ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ба хусус аз шеваи "облава"-ро ба бор овард. Бисёриҳо мегӯянд, ин шева ба обрӯи мақомоти низомии Тоҷикистон намеафзояд ва бояд аз байн бурда шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG