Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон писари нахуствазири пешинро рабуданд


Раҳпаймоӣ дар Мултон

Раҳпаймоӣ дар Мултон

Мардони мусаллаҳ дар аёлати Панҷоби Покистон ба раҳпаймоии интихобкунандагон ҳамла карданд ва писари Ризо Гелонӣ-нахуствазири пешини ин кишварро рабуданд.

Пулис мегӯяд, афроди мусаллаҳ рӯзи панҷшанбе ба раҳпаймоӣ дар шаҳраки Мултон ҳамла бурдаанд ва Ҳайдар Гелонӣ-номзади аёлатиро барои интихоботи порламонии 11 май боздошт карданд. Ҳамлакунандагон як посбони Ҳайдарро ба қатл расондаанд ва аз тири онҳо 5 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Панҷшанбе охирин рӯзи таблиғи номзадҳо ва маъракаи интихоботӣ ба шумор меравад ва дар ин рӯз чанд ҳамла ба номзадҳо ва ё мақомоти ҳизбҳои сисёсӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG