Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Бобур - вориси асосии миллиардер Алишер Усмонов


Бобур Усмонов
Бобур Усмонов

Пулиси роҳи Узбакистон ҳалокати бародарзодаи миллиардер Алишер Усмонов дар садамаи нақлиётиро тасдиқ кард.

Қаблан як манбаъи Озодӣ аз Тошканд хабар дода буд, ки Бобур Усмонови 29-сола соати тақрибан 5-у 15 дақиқаи субҳи 8 май дар наздикии фурӯшгоҳи “Шедевр” дар ноҳияи Юнусободи Тошканд дучори садама шуд. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, фурӯшгоҳи “Шедевр”- маҳалли садамаи мошини Бобур Усмонов - ба Гулнора –духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримов тааллуқ дорад.

Як мақоми пулиси роҳи Узбакистон ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, мошини кабриолети “Форд Мустанг”-и Бобур Усмонов ба бордюр бархӯрда, чаппа шуд ва дар натиҷа ду нафар ҷон бохтанд: “Ду нафар ҳалок шуданд. Якеаш ҷияни Алишер Усмонов аст ва дувумӣ – Юлдошева Кристина Комиловна. Онҳо савори “Форд Мустанг” буданд. “

Манбаъи Озодӣ Кристина Юлдошеваро дӯстдухтари Бобур Усмонов меномад, вале манобеъи наздик ба хонаводаи Усмоновҳо гуфтаанд, ки на, Кристина машъуқаи як дӯсти Бобур буд, ки баъди анҷоми шабнишинӣ ба муносибати зодрӯзаш аз Бобур хостааст, то Кристинаро ба манзилаш бирасонад.

Бобур Усмонов писари Баҳодур Усмонов - додари ягонаи Алишер Усмонов буд ва меросбари асосии дороиҳои ҳангуфти ин амаки миллиардераш шинохта мешуд. Маҷаллаи “Forbes” ҷамъи дороиҳои Усмоновро, ки зодаи Узбакистон аст, вале дар Русия зиндагӣ ва тиҷорат дорад, 17,6 миллиард доллар баровард мекунад. Алишер Усмонов дар раддабандии ин маҷаллаи амрикоӣ бойтарин нафар дар Русия ва 36-умин нафари бойтарин дар дунё шинохта шудааст.


Бобур ва Диёра
Бобур ва Диёра
Бобур Усмонов дар соли 2009 ба Диёра – ҷияни сарвазири кунунии Узбакистон Шавкат Мирзиёев хонадор шуда буд. Духтарчаи яксолаи онҳо – Марям – меваи ин издивоҷ аст. Дар маҳофил арӯсии Бобур бо Диёраро “ никоҳи сармоя бо ҳукумат” меномиданд, вале манобеъи наздик ба хонаводаи Усмоновҳо дар Тошканд мегӯянд, ки Бобур ва Диёра ҳамдигарро дӯст дошта, издивоҷ карда буданд. Ин аст ки ба гуфтаи шоҳидон, вақте ҷасади Бобурро ба ҳавлии Усмоновҳо дар Тошканд оварданд, фиғони Диёра баланд шуд, ки ӯро ҳам бо шавҳараш якҷо гӯр кунанд.

Бобур Усмонов бо ҳамсару духтарчааш Марям асосан дар Маскав ва Швейтсария ба сар мебурд ва ба хотири ширкат дар тӯйи арӯсии духтари аммааш – Асал Нарзиева – ба Тошканд омада буд. Ӯ рӯзи 7 май дар маросими ақди никоҳи Асал дар ЗАГС-и Тошканд ширкат карда, сипас ба зодрӯзи як дӯсташ ба қаҳвахонаи “СМИ” рафтааст. Ин ҷашн то субҳи 8 май давом кардааст ва Бобур Усмонов бо Кристина Юлдошева аз ҳамин қаҳвахона берун омада, ба мошини “Форд Мустанг”-и Бобур нишастаанд ва ба истиқболи марги худ рафтаанд.

Ба гуфтаи манобеъи бахши узбакии Радиои Озодӣ, ҷанозаи Бобур Усмоновро ҳамон рӯзи 8 май дар Тошканд ба хок супурдаанд. Баъди даргузашти ӯ, 5 ҷияни дигари Алишер Усмонов боқӣ мемонанд. Яке аз онҳо хоҳари Бобур - Ганя Усмонова аст, ки бародарзодаи миллиардер ба шумор меравад. Санҷар ва Сарвар Исмоиловҳо ва Насиба ва Асал Нарзиеваҳо хоҳарзодагони Алишер Усмонованд, ки ҳарду хоҳараш дар Узбакистон ба сар мебаранд. Худи Алишер Усмонов ва ҳамсараш Ирина Винер(мураббии маъруф ва президенти Федеросиюни гимнастикаи бадеии Русия) фарзанд надоранд.


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов
соли 1953 дар шаҳри аксаран тоҷикнишини Чусти Узбакистон ба дунё омада ва соли 1976 МГИМО (Донишкадаи равобити байналмилалии Маскав), мӯътабартарин мактаби олии Шӯравии вақтро хатм кардааст. Падари ӯ дар даврони Шӯравӣ додситони Тошканд буд, вале дар ҷараёни тафтиши фаъолияти мақомоти Узбакистон аз сӯи Маскав таҳти таъқиб қарор гирифт. Дар соли 1980 Алишер Усмоновро бо ҷурми “мубодилаи асъор” ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Ӯ соли 1986 раҳо ёфта, ба Маскав кӯчид.

Алишер Усмонов собиқаи соҳибкориашро дар нимаи дувуми солҳои 80 аз ташкили шикор барои хориҷиҳо дар Узбакистон оғоз карда, имрӯз соҳиби садҳо ширкату корхонаи азимест, ки ӯро ба бойтарин марди Русия табдил додааст.
XS
SM
MD
LG