Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон дар поёни моҳ ба Қирғизистон сафар мекунад


Вазорати хориҷаи Қирғизистон хабар дод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 27-28 май бо як сафари расмӣ вориди Бишкек мешавад. Рӯзҳои 7-8 май гурӯҳи кории ду кишвар дар Бишкек тарҳи қарордодҳоеро, ки бояд дар ҷараёни ин сафар имзо шаванд, баррасӣ кардаанд. Ҳамчунин қабл аз сафари Раҳмон, рӯзҳои 16-17 май дар Душанбе иҷлоси 12-уми куммиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир хоҳад шуд.
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар пайи муноқишаи рӯзи 27 апрел дар атрофи ҷазирақаламрави Ворух сурат мегирад ва рафъи масоили марзӣ ғолибан як мавзӯъи сӯҳбати қӯ бо ҳамтои қирғизаш Алмосбек Отамбоев хоҳад шуд. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки то имрӯз фақат 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар ба унвони кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ дар бисёри масоили минтақавӣ, аз ҷумла пиромуни тақсими об ва сохтани нирӯгоҳҳо мавзеъи яксон доранд.
XS
SM
MD
LG