Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навоз Шариф: Дар сурати интихоб мубориза бо террорро қатъ мекунем


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Навоз Шариф-нахуствазири пешини Покистон, ки ҳоло низ довталаби ин мақом шудааст, дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфт, ки дар сурати интихоби вай ба ин мақом Покистон аз мубориза бар зидди терроризм ба раҳбарии Амрико даст мекашад.

Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки чунин кор барои сулҳ дар Покистон ва ҷаҳон муҳим аст. Ба суоле дар ин бора, ки: “оё вай ҳамкории низомӣ бо Амрикоро дар ҷанги терроризм қатъ хоҳад кард?” Навоз Шариф чунин посух дод: “Бале, бояд ҳамин тавр кунем”. Вале вай тавзеҳ надод, ки ҳамаи амалиёт бар зидди нируҳои Толибон ва Ал Қоидаро низ қатъ хоҳад кард ё хайр.

Баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 Покистон дар мубориза бо террор аз муттаҳидони Амрико ба шумор меравад. Дар остонаи интихоботи порламонии 11 май ҳизби Навоз Шариф бо номи “Muslim League-N” бонуфузтарин ҳизб ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG