Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Машқи низомӣ дар Поршнев аст, на дар марз бо Чин"


Акс аз моҳи июли соли 2012

Акс аз моҳи июли соли 2012

Коммиссари ҳарбии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоназар Шамиров дар наздикии марзи Чин доир шудани машқҳои ҳарбии ҷузву томҳои вазорати дифоъро рад кард.

Қаблан бархе расонаҳо гузориш доданд, ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар наздикии марзи Чин машқи низомӣ баргузор мекунад. Аммо ба гуфтаи Шоназар Шамиров, тибқи нақшаи тасдиқшудаи сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ ва вазорати дифои кишвар, машқҳо фақат дар тамрингоҳи Шитошоши маҳалли Поршинев, 5- километрии Хоруғ мегузаранд.

Коммиссари ҳарбӣ баён дошт, ки интизор меравад, дар машқи ниҳоӣ, ки нимаи дувуми моҳи май мегузарад, ҳамоҳангӣ ва омодабоши ҷузву томҳои вазорати дифои кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии берунӣ дар шароити кӯҳистон намоиш дода мешаванд. Вазорати дифоъ қаблан хабар дод, ки дар ин машқҳо чурхболҳо ва зиреҳпӯшҳо низ истифода мешаванд.

Коммиссари ҳарбӣ изҳор дошт, ки машқҳо 5-уми май шурӯъ шуда, айни ҳол ҳамоҳангсозии сохторҳои фармондеҳӣ ва ситодӣ ва омодагӣ ба намоиши ниҳоӣ танҳо дар маҳдудаи қисмҳои ҳарбӣ ҷараён доранд.

Соли гузашта амалиёти зидди гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар Хоруғ, ки ҳудуди 70 кушта ба ҷо гузошт, 24 июл, низ ба дунболи як чунин машқҳои низомӣ шурӯъ шуда буд. Ба ин далел, хабари машқҳои нави низомӣ дар Бадахшон мояи нигаронии сокинони маҳаллӣ шудааст.

Як гурӯҳи сокинони Хоруғ бо муроҷиат ба мақомот, аз таъсири машқҳои низомӣ ба ҳолати равонии мардум дар наздикии маҳалли аҳолинишин изҳори нигаронӣ карданд. Гуфта мешавад, бар асари амалиёти низомии моҳи июли соли гузаштаи сохторҳои қудратии кишвар дар Хоруғ 23 сокини шаҳр кушта шуда, шаҳрвандони зиёд осеби равонӣ дидаанд ва садои тиру туфанг сокинонро аз нав ба изтироб ва ҳарос хоҳад овард. Дар машқҳои қаблӣ ҳамчунин як снаряд ба ҳавлии сокини шаҳр афтода, хушбахтона ба касе зарар нарасонд ва дар пуштаҳои назди тамрингоҳ чанд сар ҳайвоноти хонагии сокинонро низ мурда ёфтанд.

Аммо коммиссари ҳарбии вилоят Шоназар Шамиров гуфт, ки фармондеҳӣ тамоми чораҳои амниятиро андешидаааст ва машқҳои низомӣ ба амнияти шаҳрвандон ва амволи онҳо таҳдид намекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG