Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳси "Стратегияи ислоҳоти милитсия" дар Душанбе


Ба манзури ислоҳоти соҳаи милитсия, бо ибтикори Вазорати корҳои дохиии Тоҷикистон ва дафтари Созмони Анияту Ҳамкории Аврупо дар Душанбе, нишасти гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нишаст, ки рӯзи гузашта доир шуд, дар чорчуби ислоҳоти «Стратегияи ислоҳоти милитсия» сурат гирифт ва ҳадафи он беҳбуд бахшидани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ аст. Ба таъкиди ҷаноби Асадуллоев. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ислоҳот дар соҳаи милитсия бо таваҷҷӯҳ ба равандҳои муосир, алоқаманд аст.

Ин аст, ки сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ афзуд, дар нишасти гурӯҳи корӣ, генерал Рамазон Раҳимов, зимни тақдир аз кӯмаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, назири, САҲА, сафоратҳои ИМА, Олмон, Фаронса, Русия, Бритониё, Чин ва Қазоқистон, таъкид кард, ки вазорат ҳама кӯшишҳоро дар мубориза зидди ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон сафарабар намуда, иқдомоти лозимро барои мубориза алайҳи терроризм рӯи даст мегирад.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ дар ин нишаст гуфт, ки дар чорчуби иҷрои «Стратегияи ислоҳоти милитсия», таҷрибаи мусбии дигар кишварҳо омӯхта шуда ва ҳоло коркарди Барномаи рушди милитсия ба манзури иҷрои ин стратегия идома дорад. Зимнан, Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон 19-уми марти соли 2013 аз ҷониби ҳукумати ин кишвар тасдиқ шудааст.
XS
SM
MD
LG