Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози хушунатбори зидди Покистон дар Қандаҳор


Раҳпаймоии зиддипокистонӣ дар ҷануби Афғонистон боиси марги камаш 11 нафар шудааст.

Рӯзи чоршанбе дар ноҳияи Мирванди вилояти Қандаҳори Афғонистон мардуми зиёд ҷамъ шуданд, то эътирози худро ба бархӯрди мусаллаҳона миёни сарбозони афғону покистонӣ дар минтақаи мавриди баҳси миёни ду кишвар иброз намоянд.

Сухангӯи маъмурияти маҳаллӣ Ҷовид Файсал ба Радиои Озодӣ гуфт, Толибони ҷангҷӯй ба эътирозгарон пайваста, ба тарафи полис оташ кушоданд. Ба қавли Файсал дар ин тирпарронӣ 8 толиб ва се ронандаи мошин кушта шуданд. Рӯзи сешанбе ҳам дар Қандаҳор бо шиорҳои “марг ба Покистон” раҳпаймоии эътирозӣ барпо шуда буд.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи бархӯрди мусаллаҳона миёни нерӯҳои афғону покистонӣ як афсари марзбони афғон ба ҳалокат расида буд. Рӯзи душанбе низ дар ҳамон минтақа табодули оташ ба қайд гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG