Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Путин аз таҳдидҳои Афғонистон


Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар

Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар

Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, Русия бояд марзҳои ҷанубиашро таҳким бахшида, ба хотири муқовимат ба таҳдиди экстремизм, ки аз Афғонистон сарчашма мегирад, бо муттафиқонаш дар Осиёи Марказӣ ҳамкории зич ташкил кунад.

Рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия президент Путин гуфт, эътилофи зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон то ҳанӯз болои гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро пирӯз нашудааст. Русия дар соли 2001-ум аз амалиёт дар Афғонистон пуштибонӣ кард, вале ҳозир исрор меварзад, ки баъди хуруҷи сарбозони НАТО аз Афғонистон дар соли 2014-ум таҳдид ба амнияти Русия афзоиш меёбад. Путин мегӯяд:

Мо асос дорем ба ин хулоса оем, ки дар ояндаи наздик мо бо ташаннуҷи вазъият мувоҷеҳ хоҳем шуд.Гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ва ифротӣ пинҳон намекунанд, ки мехоҳанд нооромиро ба истилоҳ “экспорт” кунанд. Онҳо эҳтимол саъй хоҳанд кард, ки фаъолиятҳояшонро дар кишварҳои ҳаммарз тавсеа бахшанд. Ин таҳаввулот ба мо ҳам таҳдид ҷиддӣ бор меорад: ин афзоиши ҳамлу нақли маводи мухалддир, ҷинояткории фаромарзӣ, мавҷи бидуни назорати фирориёну муҳоҷирон ва билохира ин таҳдиди фундаментализм аст.”

Президени Русия таъкид кард, ки эътилофи байналмилалӣ бар муқобили кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон кореро анҷом надодааст.
XS
SM
MD
LG