Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Березовскийро дар ғурбат ба хок супурданд


Қабристони Бруквуди Суррей -макони дафни Борис Березовский
Қабристони Бруквуди Суррей -макони дафни Борис Березовский
Сарватманди рус Борис Березовскийро дар як қабристони канори Лондон ба хок супурданд.

Хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки Березовский дар қабристони минтақаи Бруквуди Суррей дафн шуд.

Ҷасади Березовскийро 23-уми март дар хонааш пайдо карда буданд. Ба қавли полис Березовский худро овехта буд.

Дӯстони Березовский мегӯянд, ки чанд нокомии молии вақтҳои ахир Березовскийро ба дунёбезорӣ ё худ депрессия расонда буданд. Сабаби таъхири дафни Березовский баҳс дар он масъала будааст, ки ӯро дар Русия ва ё дар Британия ба хок супоранд.

Березовский солҳои навадуми асри гузашта аснои хусусигардонии моликияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар пайи фурӯпошии ин кишвар сарватманд ё худ олигарх шуд.

Сипас Березовский ба сиёсат рӯй овард. Дар ибтидои солҳои 2000-ум ӯ ба тарки Русия маҷбур шуд. Баъдтар додгоҳ дар ғиёбаш Березовскийро дар ҷиноятҳои иқтисодӣ масъул донист.
XS
SM
MD
LG