Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари сарвазири Эстония Андрус Ансип ва ҳамоиши роҳбарони ширкатҳои роҳи оҳани кишварҳои пасошӯравӣ дар Душанбе мисли ҳамеша ҳамроҳ бо бастани роҳҳову таҷаммӯъи зиёди мошинҳо дар ҷодаҳо сурат гирифт.


Ҳарчанд дар гузашта низ ҳангоми қабули меҳмонони хориҷӣ дар Душанбе чунин ҳолат иттифоқ меафтод, аммо ин бор, ки бидуни огоҳӣ сурат гирифт, ноқаноатмандии бештари сокинон ва бавижа ронандагонро ба миён овард.
Роҳбандӣ аз соати 10:00-и субҳи сешанбеи 7-уми май дар қисмати марказии шаҳри Душанбе шурӯъ шуда, як соат идома кард, аммо на танҳо дар хиёбони марказӣ, балки дар тангкӯчаҳои паҳлуӣ низ садҳо худрав дармонда, мусофирон маҷбур шуданд, аз нақлиёти ҷамъиятӣ поин биоянд ва пиёда раванд.

Ин аксҳо, барои мисол, рӯзи сешанбе аз таҷаммӯъи мошинҳо дар роҳи канори Донишгоҳи славянӣ бардошта шудаанд:


Чунин вазъ дар хиёбони Неъмат Қарабоев, аз маҳалли 46 сар карда, то Сирки давлатӣ низ тамба ё «пробка»-и мошинҳо ва норозигии ронандагонро ба вуҷуд овард.

Насим Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар назди бозори «Султони кабир» ба муддати тӯлонӣ дармонд ва нақшаи рӯзи корияш барбод рафт. Ӯ мегӯяд, дар чунин ҳолати душвор полиси роҳ ба ҷойи кӯмак баръакс бо рафтораш мушкилро печидатар мекард: «Дар баробари ҳамаи проблемаҳое, ки дар «пробка» мешавад, аз тарафи кормандони БДА инчунин бетартибӣ ва рафтори дағал низ дида мешавад. Мошинҳое, ки дар лаби роҳ монда шудаанду соҳибонашон барои коре рафтаанд, кормандони БДА рақамҳояшонро мечинданд, ки сабаби ин ба касе маълум набуд.»

Баҳор Шарифова - донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандон мефаҳманд, ки бояд амнияти меҳмонҳо таъмин бошад, аммо набояд роҳҳо аз 15 дақиқа зиёд баста шаванд. Таҷаммӯъи мошинҳо дар назди Донишгоҳи славянӣ, ба гуфтаи ӯ 40-45 дақиқа давом кард. Баҳор меафзояд: «Шахсан барои ман донистани як нукта шавқовар аст, ки вақте вазирҳои тоҷик ба дигар кишварҳо меҳмонӣ раванд, онҳо ҳамин корро мекарда бошанд ё не?»

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, роҳбандони марбут ба сафарҳои расмӣ то рафт шакли як беназмӣ ва дарҳам-барҳамии саросариро касб мекунанд. То ҳол ниҳодҳои давлатӣ натавонистаанд, шеваи беҳтари роҳбандон дар рӯзҳои боздиди меҳмонони баландпояи хориҷиро пайдо кунанд, то ба кору бори мардум ва ҳаракати нақлиёт осеби камтар расад. Аммо як роҳгузари дигар, ки нахост номашро зикр кунем, бо танз гуфт, ки «Агар ман ҳам шахси қудратманд мешудам, мехостам, ба хотири омаданам соатҳои дароз роҳҳоро бубанданд.»

Дар ҳамин ҳол масъулони БДА мегӯянд, ки дар ҳақиқат ин дафъа сафари меҳмонони хориҷӣ бидуни барномарезӣ сурат гирифта ва имкон нашуд, ки мардумро пешакӣ огоҳ кунанд. Як намояндаи пулиси роҳ гуфт: «Агар пешакӣ моро огоҳ мекарданду супориш медоданд, мо иҷро мекардем. Лекин ин дафъа супориш надоданд ва вазъият чунин шуд.»

Дар рӯзҳои сафари меҳмонони баландпояи хориҷӣ ва баргузории нишастҳои минтақавиву байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бастани роҳҳои марказӣ як амри маъмулӣ шудааст. Иттифоқе ки дар кишварҳои дигар дида намешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG