Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти бародарзодаи Алишер Усмонов дар Тошканд


Бобур Усмонов – бародарзодаи сарватмандтарин соҳибкори Русия Алишер Усмонов, дар як садамаи нақлиётӣ дар Тошканд ҳалок шудааст. Бобури 29-сола, ки дар Швейтсария ба сар мебурд ва барои ширкат дар як тӯйи арӯсӣ ба Узбакистон омада будааст. Ӯ 3 сол пеш ба Диёра – духтари сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев издивоҷ карда буд, ки бисёриҳо “издивоҷи сиёсӣ”-аш меномиданд. Бобур Усмонов аз меросбарони асосии дороиҳои амакаш Алишер Усмонов ном бурда мешуд, ҳарчанд худи Усмонов қаблан гуфта буд, ки давлаташро ба касе мерос гузоштанӣ нест. Маҷаллаи Forbes ҷамъи дороиҳои Алишер Усмоновро 18 миллиард доллар баровард мекунад.
XS
SM
MD
LG