Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 8 май муовини сарвазир ва раҳбари дастгоҳи ҳукумат Владислав Сурковро “бо хоҳиши худаш” барканор кард.

Сурков яке аз чеҳраҳои пурнуфуз дар низоми идории дар Русия сохтаи Путин ба шумор мерафт ва ҳатто ӯро “кардинал”-е меномиданд, ки аз паси парда равандҳои сиёсии Русияро идора мекард.

Сурковро "суронданд"?

Худи Сурков дар сӯҳбат бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки ҳанӯз рӯзи 26 апрел ариза дода буд, вале дар бораи сабабҳои барканориаш сӯҳбат кардан нахост: “Ман дар ин бора баъдан сӯҳбат мекунам. Вақте ки ин муносиб бошад.” Сурков, ба ҳар сурат, гуфтааст, ки барканориаш аз мақом барои худи ӯ ногаҳонӣ набуд: “Чунин набуд, ки кас сомонаи Кремлро боз кунаду мисли баъзе волиёни вилоятҳо бубинад, ки бо хоҳиши худаш барканор шудааст.”

Дмитрий Песков – сухангӯи Путин – гуфтааст, барканории Сурков “ба масъалаи иҷрои фармонҳои раисиҷумҳур бастагӣ дорад.”

Тӯҳфаи Путин дар солгарди сарвазирии Медведев


Кобинаи вазирони Медведев дар ҳузури Путин. 7 май. Кремл

Кобинаи вазирони Медведев дар ҳузури Путин. 7 май. Кремл

Рӯзи 7 май, дар солгарди аввали ба курсии сарвазирӣ баргаштани Дмитрий Медведев, Владимир Путин дар як ҷаласаи махсуси ҷараёни иҷрои фармонҳои як соли пешаш барои бори аввал аз ҳукумат интиқод кард ва ваъда дод, ки кори ҳукуматро зери назорати худ гирифт. Хабарнигорон мегӯянд, лаҳни танқиди Путин аз Медведев “нарм” буд ва ӯ зимни интиқодҳояш мушаххасан кадоме аз аъзои ҳукуматро ном набурд. Як манбаъ дар Кремл ба “Коммерсант” гуфтааст, маълум буд, ки ба дунбол, чанд тан аз аъзои ҳукумат “чаппа” хоҳанд шуд, вале касе бовар надошт, ки аз Сурков сар мекунанд. “Ин хеле ҷиддист”, - гуфтааст манбаъи “Коммерсант.”

Чанде пеш Владислав Сурков дар Лондон ба моҷарои тафтиши фаъолияти Бунёди “Сколково” пардохта, Кумитаи тафтишотии Русияро ба “ҷаҳди беш аз ҳадд” айбдор кард. Дар пай, сухангӯи ин кумита Владимир Маркин бо писханд посух дод, ки дар Русия режими хеле либералӣ ҳоким аст, чунки ба гуфтаи ӯ, агар дар ягон вазири Бритониё Скотланд-Ярд(пулиси он кишвар)-ро танқид кунад, зиёд дар курсиаш намемонад.

Ин раддубадали лафзӣ гумонҳоеро дар бораи бозиҳои дохили Кремл ба вуҷуд овард, чунки ба бовари бисёриҳо, бидуни “ок” аз боло гумон буд, ки як сухангӯи оддӣ лаб ба танқиди муовини пурнуфузи сарвазир бикушояд. Аммо сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфтааст, истеъфои Сурков рабте ба баҳси ӯ бо Кумитаи тафтишот ё бо моҷарои “Сколково” надорад.

Бо ин ҳол, дар маҳофили Русия мегӯянд, барканории Сурков зарбае ба сарвазир Дмитрий Медведев аст. Глеб Черкасов - муовини сардабири “Коммерсант” ба Озодӣ гуфт, рафтани Сурков дастгоҳи ҳукуматро хеле заиф хоҳад кард, чунки “Сурков ба сари худ як бренди зинда буд ва ҳузури ӯ ҳар мақомеро, ки ӯро бинишонанд, ба як курсии муҳим табдил медод.“ Ба ақидаи Черкасов, “Медведев бо рафтани Сурков аз як садди қавии дифоъӣ маҳрум шуд ва аҷаб нест, агар дар тасмимгириҳои баъдӣ худи ӯ мавриди қаҳри Путин қарор бигирад.”

"Шоирӣ"-и Сурков


Владислав Сурков бо раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров

Владислав Сурков бо раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров

Владислав Сурков соли 1964 ба дунё омадааст. Гуфта мешавад, ки падараш чечен аст, вале аз модараш ҳанӯз замоне ки ӯ хурдсол буд, ҷудо шудааст. Сурков баъди чанд соли кор дар сохторҳои тиҷорӣ соли 1999 ба сифати ёвари раҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Русия ба сиёсат ворид шуд ва дар ин муддат то мақомҳои баланди муовини аввали раиси дастгоҳи президент “сабзид.” Дар декабри соли 2011 аз Кремл ба мақоми муовини сарвазир ва раҳбари дастгоҳи ҳукумат гузашт.

Ӯро "кардинал" ва “идеологи асосӣ”-и Кремл ном мебурданд ва мегуфтанд, вертикали қудрате, ки дар Русия дар аҳди Путин бино шуд, аз ҷумла маҳсули кори Владислав Сурков аст.

Сурков машқи қалам ҳам мекунад ва муаллифи чанд таронаест, ки гурӯҳи дар Русия маъруфи “Агата Кристи” иҷро кардааст. Романи “Қариб сифр”-ро низ ба қалами Сурков нисбат медиҳанд. Дар посухи маҷаллаи “Русский пионер” дар бораи нақшаҳои баъдиаш ин сиёсатмадори пурнуфузи аҳди Путин нимшӯхиву нимҷиддӣ гуфтааст: “Баъзе нақшаҳо ҳаст. Дар зеҳнам сужаи мазҳакаи сиёсие бар пояи ҳодисоти воқеъӣ расида истодааст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG