Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: "Масъулияти артиш назар ба гузашта бештар шудааст"


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми табрикие ба муносибати 68 -умин солгарди пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ Ҷанги Ҷаҳонии Дуввумро мудҳиштарин фоҷиаҳои аҳли башар хонда ва гуфтааст, Тоҷикистон то кунун оқибатҳои бади он ҷангро эҳсос мекунад. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст, Тоҷикистон дар он замон “ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯбарӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад.” Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷанги шӯравии собиқ бо Олмони фашистӣ, ки аз соли 1941 то соли 1945 идома кард, 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам ширкат карда ва 100 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои набард ҷон бохтаанд. Айни замон ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон 1441 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд ва ҳукумат дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба авзоъи имрӯзаи ҷаҳон гуфтааст, нооромӣ дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон масъулияти сохторҳои қудративу интизомии Тоҷикистонро бештар мекунад. Ӯ гуфтааст: хусусан дар шароити имрӯза, ки минтақаву кишварҳои гуногуни олам бар асари шиддат гирифтани рақобату муқовимати доираву нерӯҳои мухталиф ноором гардидаанд, масъулияти сохторҳои низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакати мо низ ба маротиб меафзояд."
XS
SM
MD
LG