Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини нахуствазири Русия истеъфо дод


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, истеъфои Владислав Сурков, муовини нахуствазирро пазируфтааст, ки аз чеҳраҳои бонуфузи ҳукумат маҳсуб мешуд. Бар тибқи баёнияи расмӣ, Владислав Сурков, аз сиёсатгузорони аслии Владимир Путин бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст, аммо рӯзе пеш аз ин раиси ҷумҳури Русия аъзои ҳукуматро барои иҷро накардани дастурҳояш танбеҳ дод. Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин гуфт, истеъфои Сурков ба ҳамин ҳодиса иртибот дорад. Айни замон муфаттишони рус, қазияи фасодкорӣ дар Маркази Навоварии Соколоворо тафтиш мекунанд, ки Владислав Сурков, узви шӯрои назоратии он аст. Владислав Сурковро аз меъморони низоми сиёсии Русия медонанд, ки онро худи Сурков “демократияи мустақил” хондааст.
XS
SM
MD
LG