Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керри бо ҳомиёни ҳуқуқи рус мулоқот кард


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мулоқот кард, ки тайи чанд вақти ахир саркӯби онҳо аз тарафи ҳукумат бештар шудааст. Мулоқот дар қароргоҳи сафири Амрико дар Русия сурат гирифтааст. Дар ин дидор аз ҷумла, Людмила Алексеева, ҳомии шинохтаи ҳуқуқ аз созмони Ҳелсинки ва намояндагони Дидбони Ҳуқуқи Башар, Мемориал, ва Гринписи Русия ҳузур доштаанд. Мақомоти Русия дар чанд ҳафтаи пеш ба тафтиши фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ шурӯъ кардаанд ва аз баъзеи онҳо, ки аз хориҷ кӯмаки молӣ гирифтаанд, хостаанд, ки худро ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунанд. Ин як талаби қонуни баҳсбарангез дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар Русия аст, ки соли гузашта қабул шуд. Ҷон Керри, ки бори аввал ба ҳайси вазири умури хориҷии Амрико ба Русия сафар кардааст, рӯзи сешанбе бо Владимир Путин, раиси ҷумҳур ва Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG