Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 9-уми май дар шаҳри Норак мусобиқаи тенниси майдонӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ин мусобиқа теннисбозони ҷавон (писарону духтарон) дар як намуд – қувваозмоии инфиродӣ ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи системи олимпӣ барпо мегардад, яъне варзишгаре, ки бозиро бой медиҳад, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум мешавад.

Ғолиби мусобиқа ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, бо лавозимоти варзишӣ барои бозии теннис, ки дар ширкатҳои маъруфи Head ва Babolat истеҳсол шудаанд, инчунин, дипломҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG