Пайвандҳои дастрасӣ

Дар замини ҳавлии ин кампири 81-сола як бинои нави 9-ошёна хоҳанд сохт.

Бо ҳукми Додгоҳи олӣ дар кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе хонаи холаи Анор, бидуни барояш ҷудо кардани хонаи дигар вайрон карда шуд. Акнун дар ҷои он бинои нави манзили истиқоматии 9-ошёна қомат меафрозад. Сохтмони ин биноро КВД «Сохтмони манзили дастрас» анҷом медиҳад.

Як писари Анор-хола гуфт, ки онҳо тӯли нӯҳ моҳ барои бар ивази манзилашон гирифтани хонаи дигар даводав карданд, вале оқибат бидуни додани хона манзили модарашро хароб карданд.

Нурулло Наимов, раиси КВД «Сохтмони манзили дастрас» гуфт, «мо қариб як сол бо пиразан кашокаш доштем. Ҳавлии ӯ 50 метри мураббаъ масоҳат дошт. Мо пешниҳод кардем, ки аз биное, ки сохта мешавад, як хонаи дуҳуҷрагии масофааш 50 метри мураббаъ ба ӯ диҳем. Гуфтам, то анҷом ёфтани сохтмон корхонаи мо барояш хонаи иҷора меёбем ва маблағи иҷорапулиашро пардохт мекунем. Ӯ розӣ нашуд».

Ба иттилои оқои Наимов, лоиҳаи сохтмони манзили истиқоматӣ дар ин минтақа ҳанӯз дар замони шӯравӣ тарҳрезӣ шуда будааст. Ба холаи Анор, ки ҳавлиаш «барак» ва аз ду ҳуҷра иборат буд, бо назардошти ҳамаи аъзои хона 5 хона доданд ва ҳуҷҷатҳои хонаро аз ӯ гирифтанд. Аммо баъди шурӯъи ҷангҳои дохилӣ сохтмон мутаваққиф шуд ва холаи Анор ҳуҷҷатҳоро барқарор карда, боз дар он ҳавлӣ ба зиндагиаш идома медиҳад. То замоне ки масъалаи сохтмони бинои истиқоматӣ дар ин маҳалл дубора пеш омад.

Нурулло Наимов мегӯяд, "аввал мо розӣ шудем, ки барояш ҳавлӣ харида диҳем. Ҳавлӣ ҳам пайдо кардем. Вале ҳуқуқшиносони шаҳрдорӣ баъди омӯзиш муайян карданд, ки Анор-хола бар ивази ин ҳавлӣ 5 хона гирифта будааст. Баъдан мо ба додгоҳ муроҷиат кардем ва додгоҳи ноҳияи Сино ҳукм кард, ки хонаи кампир бидуни додани хонаи дигар тахриб шавад."

Холаи Анор аз ин ҳукми шаҳр норозӣ шуда, ба додгоҳи шаҳри Душанбе ва Додгоҳи олӣ муроҷиат мекунад, ба қабули Додситони кулл меравад. Вале дар ҳамаи зинаҳо ба ӯ мегӯянд, ки дигар ба ҳеч чиз ҳақ надоранд. Дар ҳамин ҳол КВД «Сохтмони манзили дастрас» мегӯяд, ба кампир 5 ҳазор сомонӣ чуброн пардохтааст. Аммо кампири Анор ҳамоно норизо мондааст. Ӯ ҳоло дар хонаи фарзандонаш зиндагӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG