Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 медали муштзанҳои тоҷик дар Австрия ва 2 медал дар Қазоқистон


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) дар Австрия 6 медали тилло ба даст оварданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 21 варзишгар дохил буд. Парвиз Муродзода ва Беҳзод Нормуродов дутоӣ медали тилло, Комрон Ҷамилов ва Муҳаммадшариф Муродзода яктоӣ медали тилло гирифтанд.

Инчунин муштзанҳои тоҷик дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ораз Авзалшоев дар мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои раиси фахрии Федератсияи бокси Қазоқистон Аскар Қулибоев, ки дар шаҳри Уралск баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 56 кг мақоми севумро касб намуд.

Муштзани дигари тоҷик Юсуфи Сафовиддин дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи паҳлавонони машҳури қазоқ Исатай ва Махамбет Утемисовҳо дар шаҳри Атирау дар вазни то 52 кг ҷойи севумро азони худ кард.
XS
SM
MD
LG