Пайвандҳои дастрасӣ

Путин созишномаи низомӣ бо Тоҷикистонро имзо кард


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, қонун дар бораи тасвиби созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро имзо кард. Дар ин бора дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия дар торнамои худ хабар додааст. Порлумони Русия ин созишномаро охири моҳи гузашта тасвиб карда буд. Бар асоси ин санад, ки моҳи октябри соли 2012 дар Душанбе имзо шуд, пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки мӯҳлати ҳузураш то поёни соли 2014 ба поён мерасад, бояд то 30 соли дигар дар Тоҷикистон бимонад. Бинобар ихтилофоти назар миёни ду тараф ва иҷро нашудани ваъдаҳои Русия барои додани имтиёзҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон, давлати кишвар ҳанӯз ин созишномаро барои баррасӣ ба порлумон нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG